Вохӯрии судманд бо хонандагон
Рӯзи 20-уми декабри соли 2018 бо супориши роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд қарор додани ҳамкории Академияи ВКД бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ташкил намудани вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ташаккули симои мусбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷалби онҳо ба хизмат дар милитсия кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ капитани милитсия Назаров Манучеҳр Гулаҳмадович ва муаллими калони кафедраи номбурда капитани милитсия Ҳайдарзода Даврон Пираҳмад бо хонандагони мактаби миёнаи №60 вохӯрӣ намуданд. Ин вохӯриро муовинони директори муассисаи таълимии номбурда Ҷононаева Майгуна Улфатовна ва Нормухамедова Гулбарҳор Маҳмадрасуловна ҳамроҳӣ намуданд.
Омӯзгорони Академияи ВКД зимни вохурӣ нахуст хонандагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо хониши хубу аъло ва бурдбориҳо тамано намуданд. Сипас оид ба риояи тартиботу низом ва истифода нагардидани телефонҳои мобилӣ, сари вақт омадан ба дарс ва махсусан аз ҷониби хонандагон истифода нагардидани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар арафаи Соли нави мелодӣ суҳбат намуданд.
Пас аз вохӯрӣ ба хонандагони лаёқатманд китобҳои тозанашри омӯзгорони Академияи ВКД тӯҳфа гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти муассисаи таълимӣ ба роҳбарияти Академияи ВКД ва кормандони он барои хамкориҳои судманд изҳори минатдорӣ намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.