Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи филми мустанади «Марди роҳ» дар Академияи ВКД

25

Дар толори фарҳангии Академияи ВКД бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи кадрҳо, Шӯрои ҷавонон ва роҳнамоёни Академияи ВКД санаи 19-уми декабри соли 2018 омӯзгорону курсантони Академияи мазкур тавассути телевизиони «Сафина» филми мустанади «Марди роҳ»-ро дастаҷамъона тамошо намуданд.

456

Омӯзгорону курсантон филми мазкурро, ки аз ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи душвори ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ҳикоят менамояд, бо мароқи том тамошо намуданд. Мавриди қайд аст, ки филми мазкур дорои мазмуни баланди ватандӯстӣ мебошад. 
Дар охири филм омӯзгорону курсантон бо кафкӯбиҳои бардавом ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштанд.
Курсантон баъди тамошои филм изҳор доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар пешрафти ояндаи Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Асламов Б.С., Набизода М.И., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...