Ҷаласаи падару модарони курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД ва дастури сардори Академияи мазкур, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи падару модарони курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ичрокунандаи вазифаи муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Олимзода А.А., сардори факултети №2, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори курси 2-юми факултети №2 подполковники милитсия Исмоилзода У.Н., муовини сардори курс капитани милитсия Қурбонов Х.А. иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», интизому хониш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Полковники милитсия Олимзода А.А. дар бораи тартиби пушидани либоси низомӣ, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим, бо автомошинаҳои шахсӣ наомадан ба таълимгоҳ дастур дод.
Сардори факултети №2 полковники милитсия Ализода А.Ш. дар бораи супоридани маблағҳои шартномавӣ тибқи қарордод, коидаҳои аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ гузаштан, тафтиши дафтарҳои курсантон аз ҷониби волидайн, зуҳуроти зиддикоррупсионӣ маълумоти васеъ дод.
Сардори курси 2-юми факултети №2 подполковники милитсия Исмоилзода У.Н. роҳбарияти Академия ва факултетро бовар намуд, ки ҳамаи дастурҳои роҳбарият дар байни курсантон иҷро хоҳанд гардид.
Дар интиҳои ҷаласа барои ҳамкорӣ Шӯрои падару модарони курси 2-юми факултети №2 таъсис дода шуда, волидайн Пиров Б.Ш. раиси он интихоб гардид.
Сардори факултети №2 полковники милитсия Ализода А.Ш. иброз намуд, ки то оғози сессияи санҷишию имтиҳонотӣ дар ҳамаи курсҳои факултети №2 ҷаласаи падару модарон барои таҳкими раванди таълиму тарбия гузаронида хоҳанд шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.