Машғулияти навбатии амалӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таълим дар муассисаҳои таълимии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ мебошад. Аз ин рӯ, раванд ва сифати таълиму тарбия дар онҳо бояд таҳти назорати ҳаррӯза қарор дошта бошад.
Дар ин замина баҳри иҷрои супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии курсантон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ таҳия карда шуд.
Санаи 13 декабри соли равон таҳти роҳбарии устодон, муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, майори милитсия Исмоилзода О.Н. ва муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, лейтенанти калони милитсия Сайфидинзода С.А., курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ «ҳайати фармондеҳӣ»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикикистон ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти навбатии амалӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ ташриф оварданд.
Дар оғози машғулияти амалӣ дар синфхонаи таълимӣ, командири қисми қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикикистон, полковник Умарзода Н.Э. зимни сӯҳбат курсантонро бо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти муомила бо силоҳҳои оташфишон ва сифатнок азхуд намудани он дастурҳои муфид дод. Дар ин ҷода, бомаврид қайд гардид, ки аз сарбози қаторӣ саркарда, то афсарони олирутба бояд донанд: ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ки аз ҳифзи манфиатҳои умумии давлат ва халқ, сохти конститутсионӣ, истиқлолияти кишвар, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, таъмини озодӣ, амният ва ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини амнияти иқтисодӣ иборатанд, маҳз бар дӯши онҳо қарор дорад.
Баъд аз ин таҳти роҳбарии афсарони бомаҳорату пуртаҷриба курсантон дар соати аввал дар синфхонаи таълимӣ ва минбаъда дар майдончаи машқи тактикии қисми ҳарбии мазкур машғулиятҳои амалии худро гузарониданд. Дар раванди ин машғулияти амалӣ устодони ҷавони факултет, лейтенантони милитсия Ҷабборзода Т. ва Бекназарзода Н. низ барои такмили итисоси хеш иштирок дошанд. Онҳо ҳам баробари курсантон аз наздик бо силоҳҳои ҷангии ҳозиразамон, ба монанди пулемёти Калашников, милтиқи мергании Драгунов ва норинҷакандози дастии зидди танки РПГ-7в ва инчунин бо пешбурди фаъолияти ҳаррӯзаи ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбии ин қисм шинос шуданд.
Дар дарси амалии барпогардида курсантони ин гурӯҳ, аз он ҷумла, командири гурӯҳ сержант Носиров Ҷ., қаториҳо Зиёев Ф., Каримов Х.И., Муродов Ф., Мирюсупов Ғ. ва Партоев П.Ч. бо маҳорати баланд азхуд намудани қисму механизмҳои силоҳҳоро нишон доданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулияти амалӣ ба курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ чун машғулиятҳои гузашта дар қаламрави қисми ҳарбии 3501 хотирмон гашт, зеро онҳо аз гирифтани ин сабақҳои хеш, хеле қаноатмад гардиданд.
Собиров И.Ғ., муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон, полковники милитсия