Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

22

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Тарбияи фарҳангшиносӣ, эҳтироми расму оини ниёгон, гиромидошти анъанаву суннатҳои гузаштагон, баланд бардоштани савияи ватандӯстиву худшиносӣ яке аз рукнҳои асосии тарбияи курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кураторони гуруҳҳои таълимии курси якуми факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гифтанд, ки бо курсантони курси аввал ба ҷойҳои таърихии вилояти Суғд рафта шиносоӣ пайдо намоянд.
Бо ин мақсад санаи 13-уми декабри соли 2018 бо дастгирии сардори факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, полковники милитсия Насуриён П.А., гурӯҳҳои таълимии 104 ва 105 таҳти роҳбарии кураторони гурӯҳҳо, полковники милитсия Хоҷазода О.Г., лейтенанти калони милитсия Хайруллозода Л.М. ва нозири кор бо ҳайати шахсии ШК ва КҲШ, лейтенанти калони милитсия Усмонзода Ф., ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дидан намудан ва шиносоии курсантон аз таърих ва санъати меъмории «Қасри маданияти Арбоб» сафар намуданд. Дар вақти тамошо, роҳбалади қаср Дадабоев Бахтиёр ба курсантон аз таърих ва санъати баланди меъмории Қасри маданияти Арбоб сухан гуфта, инчунин қайд намуд, ки ин қаср аз ҷониби ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев бунёд ёфтааст.

23

Ин қаср аз номи «Теппаи Арбоб» ки дар ҳудуди ин теппа қаср бунёд ёфтааст, «Қасри маданияти Арбоб» ном гирифтааст ва баъди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ мақоми хосса пайдо намуд.
Хайруллозода Л.М., муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...