Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД аз Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд

21

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ва огаҳӣ пайдо намудан аз таърихи мақомоти корҳои дохилӣ шунавандагони соли якуми факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақша-чорабиниҳои фарҳангии факултет, ба тамошои Осорхонаи ВКД, воқеъ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Дар ҷараёни тамошои Осорхона шунавандагонро сардори факултети №3, н.и.ҳ. майори милитсия Амрудинзода Муҳридин Амрудин ҳамроҳӣ намуд.
Дар баробари ворид гардидан ба Осорхонаи ВКД шунавандагонро ҳайати кормандони Осорхона пешвоз гирифта, то анҷоми тамошо роҳбаладӣ намуда, таърихи пайдоиши Осорхона, ҷамъоварии маводҳои таърихӣ ва созмондиҳии ҳар як гӯшаро тавсиф намуданд. Тавре шоҳид гаштем, бо ташаббуси Вазири коҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Осорхонаи мазкур таъмир карда шуда, ба он лавҳаю гӯшаҳои нав аз ҳаёту фаъолияти родмардони милитсия, аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия, чорабиниҳои расмӣ ва ҳарбии ин мақомоти бонуфуз пурра гардонида шудааст.

249

Дар яке аз гӯшаҳои Осорхона акс ва ному насаби Вазирони собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ҷой дода шудааст, ки онҳо як қисмати таърихи мақомоти корҳои дохилиро ташкил менамоянд. Зери роҳбарии ин нафарон мақомоти корҳои дохилӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ фаъолият намудааст ва барои халқу миллати тоҷик хизматҳои шоён намудаанд. Қисмати дигари диққатҷалбкунандаи Осорхона ба фаъолияти кормандони Хадамоти оташнишонии ВКД бахшида шудааст. Ҳамчунин дар Осорхона намунаҳои ҳуҷҷатҳои хизматии кормандони милитсия, либосҳои низомии ҳайати роҳбарикунанда, миёна ва қатории милитсия, китобу нашриётҳои пурмазмун аз ҳаёту фаъолияти кормандони милитсия ҷой дода шудааст.
Шунавандагони №3 Академияи ВКД, ки кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ буда, дар гӯшаву канори гуногуни кишварамон фаъолият мебаранд ва на ҳамеша имконият доранд аз чунин ҷойҳои таърихӣ дидан намоянд аз тамошои Осорхона ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. 
Солеҳзода Ф.Ф., Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...