Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди курсантон аз Маркази омӯзишиву методии КҲФ

467Бо мақсади омодагии касбии кадрҳо дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин ошноӣ бо касби ояндаи худ курсантони курси 4-уми факултети №5, тахассуси "Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда"-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2018 ба истифода дода шудааст.
Ин бинои таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои таҳххона, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда, китобхона, бойгонӣ, озмоишгоҳ, варзишгоҳ, ошхона, утоқҳои корӣ барои кормандони Марказ ва меҳмонхона мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Фаъолияти Маркази таълимӣ-методии КҲФ қабл аз ҳама ба татбиқи шеваҳо ва усулҳои нави омӯзиш оид ба масъалаҳои калидии фаъолияти Кумита, такмили таҷрибаҳо ва аз худ намудани системаҳои иттилоотӣ-технологӣ оид ба омодасозии кадрҳо дар самти мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ равона шудааст.
Дар ҷараёни шиносоӣ наҷотдиҳандагони оянда бо фаъолияти маркази омӯзишӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи мазкур аз наздик ошно шуданд.
Сардори Маркази таълимӣ Назаров Зоҳиршо курсантонро бо таърихи ташкилёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ташаккули он дар марҳилаи ҳозира шинос намуд ва ин бешак ба интихоби роҳи зиндагӣ, рушди зарфиятҳо ва ширкати масъулиятшиносона дар нумуъу инкишофи минбаъдаи соҳа ва дар умум, дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мавсуф ҳамчунин донишомӯзони ҷавонро бо маълумоти 11 моҳи фаъолияти Кумита ва офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар шинос намуд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳоди наҷоти кишварро танзим мекунанд, хадамоти фаврӣ, таҷҳизотҳои техникии Кумита барои роҳандозии чорабиниҳои садамавию наҷотро муфассал баррасӣ намуд.
Дар хотима, курсантон изҳор доштанд, ки ҳар кадомаашон дар роҳи интихобкардаи худ барои хизмати содиқона ба Ватан камар баста, дар оянда кӯшиш менамоянд, ки созовори номи пурифтихори наҷотбахшони ин ниҳод бошанд.
Нуруллозода Меҳрулло, Норқулова Гуландом, Ҳабибов Ҳокимҷон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...