Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо мутахассиси варзида

20Яке аз масъалаҳои мубрами замони имрӯз тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ва пешгирӣ намудани онҳо аз ҳаргуна кирдорҳои бад ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мебошад. Омодасозии мутахассисони баландихтисос тақозо менамояд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши назариявии онҳо тамоми роҳу усулҳои таълим истифода карда шавад. Ин аст, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон самти такмили ихтисоси кормандони МКД яке аз масъалаҳои асосии таълим гардидааст. Имрӯзҳо аз тарафи роҳбарияти факултет ҳамагуна навовариҳо барои таълими курсҳои такмили ихтисос дастгирӣ ёфта истодаанд.

Бо ин мақсад аз тарафи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос дирӯз ҳайати курси такмили ихтисоси самти хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои РВКД дар вилояти Суғд машғулияти назариявӣ бо равоншиноси варзида Султонова Танзила Рустамовна созмон дода шуд.
Яке аз масъалаҳои мубрами кормандони самти хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонон ин доштани дониши мустаҳками равоншиносӣ мебошад. Зеро кормандони ин самт дар раванди фаъолияти кории хеш бештар бо кӯдакону наврасон ва ҷавонон сарукор доранд ва дониши мустаҳками равоншиносӣ имконият медиҳад, ки саривақт бо онҳо робита барқарор намуда, хусусиятҳои синнусолӣ ба назар гирифта шавад.
Ҳангоми машғулияти назариявӣ равоншинос Султонова Танзила бештар диққати шунавандагонро ба муомилаи хуш ва тартиби дуруст маълумот гирифтан аз рӯйи синнусоли кӯдакону наврасону ҷавонон ҷалб намуданд. Махсусан тарзи муносибати кормандон бо ҳамроҳии мураббиён бо кӯдакони аз синни 3-сола боло, ки аз рӯйи зарурияти хизматӣ ба вуҷуд омадааст. Хусусиятҳои наврасони ба синни балоғатрасида ва ташаккулёбии хислати онҳо, ошкор шудани хислатҳои муайян дар давраи ҷавонӣ яке аз масъалаҳои мубрами дарс шуда буд. Ҳамчунин роҳу усулҳои оростани суҳбатҳо доир ба ин ё он масъала мавриди назар қарор дода шуд.
Дар навбати худ шунавандагон аз он душвориҳое ки дар раванди кориашон ба миён омада буд сухан карда, маслиҳатҳои муфид гирифтанд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд низ бо ин гуна мутахассисони соҳа вохӯриҳо баргузор карда мешавад.
Абдулатифов У.Ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...