Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни мақолаи беҳтарин вобаста ба мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

16Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз моҳи сентябр то 20 ноябри соли 2018 озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи вобаста ба «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» байни курсантон эълон гардида буд. 

Мақсади асосии озмуни мазкур рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин нуктаро санаи 22-юми декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст».
Ҳунарҳои мардумӣ - ин падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги бисёрҷабҳаи ҳар як халқу миллат аст. Он падидаи гуногунпаҳлӯ буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии кӯҳанаш имрӯз ҳам дар инкишоф мебошад.
Озмуни мазкур санаи 28 ноябри соли 2018 ҷамъбаст гардида, аз ҷониби комиссияи босалоҳиятнок ғолибон муайян карда шуданд:

171819

Ҷойи якум – Қосимов Усмоналӣ Файзалиевич, курсанти курси 2, гурӯҳи таълимии 215 факултети № 6 мақола дар мавзӯи «Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳиёгари ҳунарҳои мардумӣ»;
Ҷойи дуюм – Шамсов Саидаҳмад Шамсиддинович, курсанти курси 3, гурӯҳи таълимии 301 факултети № 4 мақола дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: омили пешрафти иқтисодиёт ва таҷассумгари тамаддуни халқи тоҷик»;
Ҷойи сеюм - Гулҷаҳони Алихон – курсанти курси 2-юми факултети № 2 мақола дар мавзӯи «Истиқлолият дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон».
Убайдулозода Фируза, ходими калони Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...