Боздиди шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва шаҳри зебоманзари Душанбе
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои саривақтии қарори ҷаласаҳои кории назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД бо кормандони қисмҳои навбатдории ВКД аз ҷониби сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва профессорону омӯзгорони ботаҷрибаи Академия машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида шуданд.
Дар доираи таҳсил шунавандагон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шаҳри зебоманзари Душанбе дидан намуда, ба навигариҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ҳангоми таҳсил дар Академияи ВКД аз ҷониби роҳбарият мунтазам ба чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин боиси баланд гаштани маданияти эстетикии онҳо мегардад.
Асламов Б.С., Ҳалимзода Д.Д.