Такмили ихтисос – тақозои замон
Дар асоси талаботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд. Талаботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгоронро вазифадор намудааст, ки бо усулҳои нави таълимӣ машғулиятҳоро ба роҳ монда ба воситаҳои гуногун шавқу завқи шунавандагонро барои омӯзиш боз ҳам бештар бедор намоянд.
Ин буд, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади такомули савияи назариявии кормандони самти хадамоти пешгирӣ ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон машғулиятҳои таълимӣ бо методҳои мухталиф раҳандозӣ карда шудааст.
Махсусан машғулияти таълимӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ яке аз самтҳои муҳими омодагии касбии кормандони ҷавон маҳсуб меёбад. Дар синфхонаи «Тир»-и факултет шунавандагон бо омӯхтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» аз 19 марти соли 2013 ба тариқи назариявӣ шинос гардиданд.
Инчунин шунавандагони ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро муфассал баррасӣ карда, баъдан дар асоси он машқҳои амалӣ, ки тариқи электронӣ муайян шуда буд, амалан санҷида баромаданд. Риояи талаботи қонун барои кормандони милитсия яке аз рукнҳои асосии омодагии касбии оперативӣ-хизматӣ маҳсуб меёбад.
Собиров И.Ғ. - муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия