Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайре дар олами таърих

458Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон шудани соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи тарбиявӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД тасдиқ шудааст, кураторони гурӯҳҳо муваззаф буданд, ки бо шогирдон ба ҷойҳои таърихӣ рафта, шиносоӣ пайдо намоянд.

Тарбияи фарҳангӣ, эҳтироми расму оини ниёгон, гиромидошти анъанаву суннатҳои гузаштагон, баланд бардоштани савияи ватандӯстиву худшиносӣ, ки яке аз рукнҳои асосии тарбияи курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҳамеша дар мадди аввал аст.
Бо ин мақсад 6-уми декабри соли 2018, бо дастгирии сардори факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. гурӯҳҳои таълимии 102, 103 ва 106 бо кураторон – майори милитсия Ҷӯразода Д. ва Абдусатторзода Н., капитани милитсия Абдулбоқиева Н., бо мақсади шиносоии курсантон ба “Муассисаи давлатии вилоятии «Қасри маданияти Арбоб» сафарбар гардиданд.
Қасри фарҳанги Арбоб – яке аз қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва санъати хосаи меъморию тасвирии вилояти Суғд мебошад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст. Санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, наққошӣ ва кандакорӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон хеле ривоҷ ёфта, осори онҳо дар таърихи маданияти мо ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар байни санъатҳои нафиса санъати меъморӣ яке аз зеботарин, мураккабтарин ва қадимтарин намуди санъат аст. Халқи тоҷик анъанаҳои бои санъати меъморӣ дорад. Қалъаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, нақшу нигори Панҷакенти қадима, Шаҳристони асримиёнагӣ, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, Ҳазрати Шоҳ дар Исфара, мадрасаҳою масоҷид дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз гузашта мерос мондаанд, намунаи барҷастаи ин маданият ба ҳисоб меравад.
Дар қатори иншоотҳои пурмӯҳташами меъмории асри бисти тоҷик қасри маданияти хоҷагии ҷамоавии ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаевро ном мегиранд.
Ин қаср аз номи теппае, ки дар он бунёд ёфтааст, Қасри фарҳанги Арбоб ном гирифтааст ва бо ҳашамату санъати хосаи меъморию тасвирӣ шӯҳраташ аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун рафтааст.
Номи қаср ба шарофати дар он баргузор гардидани Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳарвақта бештар таваҷҷуҳи халқро сазовор гаштааст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва роҳбарияти нави давлат ба сари қудрат омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин қаср, дар иҷлосияи зикрёфта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳаёти имрӯзаи мамлакат дуруст ва оқилона будани интихоби ҳамонвақтаи роҳбари давлатро исбот кардааст.
Ташкили чунин экскурсияҳо барои ташаккули худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани мавзеъҳои таърихии халқамон барои курсантон аз ҳар ҷиҳат манфиатнок буда, барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.

Муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия Ҷӯразода Дилафрӯз Исҳоқ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...