Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷрибаомӯзии курсантони факултети №4 Академияи ВКД дар қисми низомии 3501

454Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантони №4 Академияи ВКД бо кормандони ботаҷрибаи амалияи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД раванди тадриси машғулиятҳои дарсӣ пайваста ба роҳ монда шудаст.
Алоқамандии назария бо амалия яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилии ВКД мебошад. Имрӯзҳо ташкили раванди таълим, барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тақозо менамояд, ки донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ вобаста карда шавад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД ба ин масъала диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Санаи 6 декабри соли 2018 баҳри иҷрои нақшаи гузаронидани машғулиятҳо, сардори ситоди баталиёни 2-юми қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД, майор Раҷабов Аслиддин доир ба мавзӯи машғулияти амалӣ оид ба таъинот, қисмҳои асосӣ, ҳусусиятҳои техникӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ аз силоҳи пурқуввати худтирпуркунии автомати пулемёти Калашников ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи ин намуди силоҳ ба курсантон баромад намуд. Ҳамзамон, дар ин машғулияти амалӣ курсантон бо қадри имкон аз наздик бо тарзи кори ҳар як қисму механизимхои силоҳи пуриқтидори автоматӣ, тартиби нигоҳдории он дар ҷойҳои муайяншуда шинос шуданд.

Баъдан саволу ҷавоб байни курсантон ва мутахассиси ин соҳа сурат гирифт, ки дар он курсантон милитсияҳои қаторӣ Умарзода М., Қудратов А., Пиров А. ва Атоев М. фаъолона иштирок намуданд.

Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба курсантон хотирмон гашта, онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаашон оид ба омӯхтани Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Муаллими калони кафедраи омодагии
касбӣ ва ҷисмонии факултети №4
Академияи ВКД
полковники милитсия Собиров И.Ғ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...