Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БЕХАТАРИИ ҶОМЕА - АЗ МАВОДҲОИ КИМИЁВӢ

448

Ҳафтаи сипаригашта бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор дар Академияи ВК мизи мудаввар дар мавзӯи «Моддаҳои сӯзандае, ки хусусияти таркишро ба амал меоранд» бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи мазкур баргузор гардид. 

Сардори факултети №5 Академияи ВКД номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ., мизи мудавварро кушода эълон намуда аз ҷумла қайд кард, ки моҳе се чор маротиба дар Академия бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун нишастҳои илмию фарҳангӣ гузаронида мешавад. Имрӯз низ ҷамъомади мо бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, меҳмонон ва курсантони Академия баргузор мегардад, ки фикр мекунам, барои дӯстдорони илм хотирмон хоҳад буд.
Ҳамчунин Ҳайдарзода Ш.Ҳ., қайд намуд, имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, бахусус соҳаи физика, кимиё, техника ва технология доир ба кашфиёту ихтирооти нав ҳаматарафа дастгирӣ ёфта истодааст. Дар ин раванд таъмин намудани пешрафти яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҳодисаҳои фавқулодда, сӯхтор, таркиш яке аз функсияҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мо имрӯз худро муаззаф медонем, ки дар самти такмили корҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои фавқулодда ва таъмини бехатарӣ аз таркишу сӯхторҳо дар маҳалҳои аҳолинишин, корхонаю муассисаҳо саҳми арзандаи худро гузорем.

450

Проблемаҳои ҳимояи молу мулк ҳамчун асоси сохти ҷамъиятӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Сӯхтор, таркиш ва ҳамаи просесҳое, ки ба пайдоиш ва паҳншавии он вобаста аст, дар баробари корҳои ташкилӣ ва техникӣ таъмини бехатарии онро тақозо менамояд.
Ба хулоса омадан мумкин, ки риоя ва таъмини бехатарӣ дар корхонаю иншоотҳо ва маҳалли шаҳрвандон, яке аз вазифаи муҳимтарини давлату ҳукумат мебошад.
Дар мизи мудаввар меҳмонон аз Муассисаҳои олии кишвар, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД иштирок доштанд. Дар кори мизи мудаввар дотсенти кафедраи химия-физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми химия, Ашуров С.Ғ., дар мавзӯҳои «Дастрасӣ ба энергияи самаранок», ходими пешбари илмии Институти илмию татқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми химия, Самандаров Н.Ю. дар мавзӯи «Маводҳои кимиёвӣ ва кор бо онҳо», Раҳматшозода С.Р. - муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сухтори факултети №5, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Таркиши моддаҳои газмонанд ва моеъ» баромад намуда, ба ҳозирин маълумотҳо пешниҳод намуданд.

450

Мизи мудаввар дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, ки он хело хотирмон бо қабули тавсияҳои зиёди методӣ ба охир расид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо, ки хусусияти илмӣ дорад, барои раҳнамо ва дастгирӣ кардани ҷавонони имрӯза баҳри пешбурди фаъолият дар самти илму тадрис муҳим мебошад.

Муаллими калони кафедраи бехатарӣ
аз сӯхтори факултети №5,
лейтенанти калони милитсия
Раҳматшозода С.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...