Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

446

4-уми декабри соли равон, бо ташаббуси ҳайати олимону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории гражданӣ дар замони Истиқлолият» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону омӯзгорон, курсантони Академияи мазкур ва мутахассисон аз дигар Донишгоҳу Донишкадаҳои кишвар иштирок намуданд.
Конференсияро муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оғоз намуда, қайд кард, ки дар таҳкиму танзими муносибатҳои молумулкӣ қунгузории гражданӣ нақши муҳим мебозад. Бе мавҷудияти соҳаи зикршуда танзими муносибатҳои молумулкӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсиро тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.
Аз ин ҷиҳат оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавзӯи танзими ҳуқуқи гражданиро ташкил медиҳанд давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххасро дар сатҳи конститутсионӣ ва қонунӣ роҳандозӣ намудааст.
Аз ҷумла, дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Мутобиқи моддаи 12 Конститутсия асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Моддаи 13 Конститутсия бошад, объектҳои моликияти истисноии давлатро муқаррар намудааст. Тибқи ин модда замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Моддаи 32 Конститутсия муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Дар заминаи муқаррароти конститутсионии зикршуда дар даврони истиқлолияти давлатӣ як қатор чораҳо андешида шудааст.
Аз ҷумла Кодекси гражданӣ иборат аз се қисм қабул гардида, ҳамзамон ҷиҳати танзими муносибатҳои молумулкӣ дар ин ё он мавзӯъ қонунҳои зиёде ба тасвиб расидаанд.
Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ, пешрафти илму техника, иқтисодиёт, пайдо гардидани намудҳои гуногуни моликият боиси он мегардад, ки қонунгузории гражданӣ низ дар навбати худ такмил дода шавад.

447

Роҳбарияти Академияи ВКД тасмим гирифтаанд, чунин конференсияҳоро ба нақша гирифта, мутахассисонро даъват намоянд, то ин ки оид ба рушди қонунгузории гражданӣ ва такмили минбаъдаи он фикру андешаҳои худро иброз намоянд.
Дар кори конференсия якчанд маърӯзаҳои мутахассисони соҳа пешниҳод гардид,ки мавзӯҳои мухталифи қонунгузории гражданӣ ва такмили минбаъдаи онро дар бар мегирифтанд.
Аз ҷумла досенти Донишгоҳи давлатии тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Меликов У.А.,мудири кафедраи ҳуқуқи иктисодӣ ва молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Бобоев Ҷ.Қ., дотсенти Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Хайруллоев Ф.С., устодони Академия номзадҳои илмҳои педагогӣ Ҳайдарзода Ш., Аҳёзода Ш. маърӯзаҳои пурмазмун карданд.
Дар охири конференсия миёни олимону омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ширкаткунандагон андешаҳои худро ба таври васеъ баён намуданд.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...