Курсҳои такмили ихтисос дар самти муқовимат бар зидди экстремизму терроризм дар Акдемияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва иҷрои саривақтии «Стратегияи муқовимат бар зидди экстремизм барои солҳои 2016-2020», таъмини қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД барои намояндагони мақомоти ҳифзи кишвар Курсҳои такмили ихтисос дар самти муқовимат бар зидди экстремизму терроризм ташкил ва гузаронида шуд.
Ба раванди дарсҳо сардори кафедраи такмили ихисос, номзади илмҳои сиёсӣ подполковники милитсия Ҳалимзода Дилафрӯз назорат бурда, дарсҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед дар мавзӯи «Тадбирҳои самараноки мубориза бар зидди экстремизму терроризм дар шароити муосир» дарси кушод гузаронида шуд, ки бо саволу ҷавоб анҷомида, дар зеҳни шунавандагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақш баст.
Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин курсҳои такмили ихтисос барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар иқдоми саривақтии Вазири корҳои дохилӣ буда, натиҷаҳои самарабахш дода истодааст.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.