Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши муфид

442

Дар доираи амалигардонии стратегияи давлатии «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», ки мақсади асосиаш ҳамкории мутақобилаи мардум бо милитсия дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, дар маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “SAFERWORLD” (Дунёи бехатар) ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 

Ҳадафи асосии семинар баландбардории малакаи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба ҳисоб мерафт. Дар семинари омӯзишӣ мушовири калони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов Қ., намояндаи дафтари САҲА Маҳмадиев Ҳ., аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ёрдамчии сардори Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ёрдамчиёни сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Спитамен, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Дар омӯзиш мушовири калони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ғуломов доир ба рафти амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамкории милитсия бо ҷомеа, Шаклҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки нақши кормандони милитсия дар таъмини бехатарӣ, тинҷиву оромӣ, суботи иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад.
Ҳукумати кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегия ва дурнамои ислоҳоти милитсияро қабул намудааст, ҳар шаҳрванди мо, махсусан аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар амалӣ сохтани ислоҳоти милитсия саҳми сазовор гузоранд.
Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ Ғуломов Қ. қайд кард, ки ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолии минтақаи худашон яке аз роҳҳои баланд бардоштани эътимод ва боварии аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба милитсия ба ҳисоб рафта, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия бояд бо нозирони минтақавӣ кӯмак расонанд, то ки ҳисоботи нозирон ба талабот ва дархости аҳолӣ мувофиқу ҷавобгӯ бошад.
Дар семинар номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Юлдошев Ҷ. бо маърӯзаи хеле ҷолиб ва пурмӯҳтаво «Фалсафаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баромад карда, ҷиҳатҳои илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи милитсияро бо ҷомеа таҳлил намуд.
Ҳамзамон маърӯзачӣ Латипова Г. доир ба якчанд масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти милитсия баромад намуд.
Дар ҷараёни семинар мубодилаи афкори байни маърӯзачиён ва иштирокчиён баргузор гардид.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷамеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар, аъзоёни Шӯро Ҷалилов Анвар Расулович, Ахмедов Нарзуллохон Иззатуллоевич, Муртазоев Саъдӣ, Юлдошев Ҷаббор ва дигарон доир ба рафти ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд, натиҷаҳои фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар солҳои сипаригашта ва нақшаҳои минбаъда фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Бояд қайд кард, ки семинари омӯзишӣ хеле самаранок ва муфид буда, иштирокчиён як ҷаҳон таассурот ва маълумот пайдо намуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...