Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассуроти хотирмон

441

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 бо иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, ки ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари оқилу хирадмандро дар нақшаҳои таълимию тарбиявӣ ҷой дода, баҳри пиёдасозии он ҷаҳду талош варзанд.
Тарбияи фарҳангшиносӣ, эҳтироми расму оини ниёгон, гиромидошти анъанаву суннатҳои гузаштагон, баланд бардоштани савияи ватандӯстиву худшиносӣ яке аз рукнҳои асосии тарбияи курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин буд, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кураторони гуруҳҳо тасмим гифтаанд, ки бо шогирдон ба ҷойҳои таърихӣ рафта шиносоӣ пайдо намоянд.
Бо дастгирии сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, полковники милитсия Насуриён П.А. гурӯҳи таълимии 502 таҳти роҳбарии капитани милитсия Алимова Ҳ.А. бо мақсади шиносоии курсантон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.
Бо ҳидоят ва раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода шудааст.
Инчунин ба курсантон маълум гардид, ки осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз осорхонаҳои кӯҳантарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он соли 1926 асос ёфтааст. Дар толорҳои намоишии осорхона зиёда аз 1500 адад нигораҳо ба намоиш гузошта шудааст.
Ҳангоми тамошои ёдгориҳо курсантон ба раҳнамои осорхона фикру назарҳои худро баён намуда, маълумотҳои навро низ соҳиб гардиданд. Шиносоӣ хеле хотирмон анҷом пазируфт.
Алимова Ҳ.А., куратори гурӯҳ, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...