Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМОҲАНГИИ ТАҶРИБА: АМАЛИЯ БО НАЗАРИЯ

439

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, амният ҷомеа ва давлатро ҳаллу фасл менамояд. Поквиҷдонӣ, маданияти баланд, иҷроиши бечунучарои талаботи қонун дар мувофиқат бо софдилона адо намудани қарзи хизматии худ, ҷасорат ва мардонагӣ дар муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бояд аз сифатҳои ҳатмии ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта шавад.
Маҳз таъмини ҳамин гуна муносибат ба хизмат ва дарди дигаронро ҳамчун дарди худ эҳсос кардан боиси сипосгузории мардум мегардад, фазои эҳтиром ва бовариро нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ба вуҷуд оварда, обрӯи онҳоро дар байни аҳолӣ баланд мебардорад.
Танҳо бо дастгирии бевоситаи шаҳрвандон, ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо ба натиҷаҳои мусбӣ дар таъмини сатҳи баланди тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат баланд бардоштани самаранокии кор оид ба пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо ноил гаштан мумкин аст.
Аз ин рӯ, бо мақсади тақвият бахшидани робитаи назария бо амалия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. вобаста ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр, яъне шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароиву масъалаҳои терроризм экстремизм аз тарафи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети №4 , н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо ҳамкории сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. ҷадвали гузаронидани машғулиятҳо (лексия-суҳбат) дар факултети №4 тасдиқ гардид, ки аз ҷониби кормандони амалии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар моҳи ноябр-декабри соли 2018 бо курсантони курси 5 ҳамарӯза гузаронида шуда истодааст.

440

Машғулиятҳо мавзӯъҳои тарзи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди харидории санҷиши оперативӣ ва тавҳили назоратшаванда дар самти мубориза ба муқобили ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарзи ҷалб намудани шаҳрвандон ба ҳайси шахсони боваринок аз тарафи нозирони минтақавии милитсия ва ғайраро дар бар мегирад.
Мақсад аз гузаронидани чунин машғулиятҳо баланд бардоштани маҳорату малакаи дониши курсантон дар амалия мебошад. Курсантон бо таассуроти баланд мазмуни дарсҳои мазкурро қабул намуда, муҳтавои онро дар дафтарҳои худ сабт намуда истодаанд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълимии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...