Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории факултети №4 Академияи ВКД бо қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ

435

Доир ба алоқамандии донишҳои назариявӣ бо амалия дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамеша диққати махсус зоҳир карда мешавад. 

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳо фароҳам меорад.

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Рӯзи 29 ноябри соли равон бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва дониши курсантон дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо роҳбарии устодони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, майори милитсия Исмоилзода О.О. ва лейтенанти калони милитсия Раҳмонӣ Х.А., курсантони курси 2-юми қӯшунҳои дохилаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати Қӯшунҳои Дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тайёрии оташфишонӣ ва Тактикаи қӯшунҳои дохилӣ» ташриф оварданд.

434

Дар оғози ин ҳамкорӣ, дар майдончаи сафороӣ, командири қисми ҳарбии 3501, полковник Умарзода Н.Э. бо курсантон ҳамсӯҳбат шуд. Зимни ин сӯҳбат, роҷеъ ба фаъолияти ҳарбӣ-хизматӣ ва тартибу низомии қисми ҳарбӣ маълумотҳои мушаххас дод, ки дар фаъолияти ояндаи курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ басо муфид аст. Дар ин раванд, бомаврид қайд гардид, ки мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки азизро ёд мегиранд. Бинобар ин, бояд ҳамеша тайёр ва омода бошанд, ки ҳар лаҳза манфиатҳои миллату давлатро ҳифз карда тавонанд.

Баъд аз ин таҳти роҳбарии афсарони бомаҳорату пуртаҷриба курсантон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ ва минбаъда дар майдончаи сафороии қисми ҳарбӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ, машғулиятҳои амалии худро гузарониданд. Дар раванди машғулияти амалӣ курсантон аз наздик бо воситаҳои махсус ва силоҳҳои ҷангии ҳозиразамон ва тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар замони осоишта шинос шуда, роҷеъ ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба мавзӯъҳои таълимӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Қайд намудан бомаврид аст, ки дар дарси амалӣ қаториҳо Зиеев А., Носиров А. ва Умарзода М. хеле фаъолона иштирок намудаанд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ хотирмон гашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ ва ҷавобҳои гирифтаашон аз тарафи командири қисми ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии ин қисм, хеле қаноатмад гардидаанд.
Дар идомаи машғулият аз номи роҳбарияти факултети №4 ва курсантон ба командири қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалии навбатӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Собиров И.Ғ., муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...