Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди курсантон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

428

Тибқи нақшаи кории кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 28 ноябри соли 2018 курсантони курси якуми гурӯҳҳои 101-103 ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ бурда шуданд.
Ҳангоми боздид аз Осорхонаи таърихӣ гурӯҳи курсантонро кормандони илмии шӯъбаи таърих Раҳматов А. ва Хӯҷаева М. роҳбаладӣ намуда, доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраи қадимтарин то замони имрӯза - давраи соҳибистиқлолии кишварамон маълумоти муфассал доданд.
Нахуст корманди илмии шӯъбаи таърих Раҳматов А. оид ба таърих ва ташаккули бунёди Осорхона ва саҳми Презиенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилу обод намудани он маълумот дод.

427

Сипас, ба қабатӣ якуми Осорхона, ки таърихи давраи қадимтарин ва қадими халқи тоҷикро то асрҳои 3-2 пеш аз милод дар бар мегирифт, роҳнамоӣ намуда, бозёфтҳои археологии ин давра ва корномаҳои Искандар, ки дар девори Осорхона бо сангҳои ранга ва қимматбаҳои ватанӣ наққошӣ карда шудаанд, шинос намуд.
Дар ошёнаи дуюми осорхона ёдгориҳои фарҳанги маънавӣ ва осори хаттӣ, бозёфтҳои археологӣ ва мероси маданияти мардумии таърихи тоҷикон аз асрҳои миёна оғоз гардида, то давраи соҳибистиқлолии кишварро бозгӯ мекард, ба курсантон аз тарафи корманди шӯъбаи илмии осорхона ба пуррагӣ маълумот дода шуд.
Дар охир дар байни курсантон ва корманди илмии шӯъбаи таърихи Осорхона саволу ҷавоб доир гардид, ки фарогири таърихи гузаштаи халқи тоҷик буд.
Султонзода Б.С., омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...