Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

424

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз тарафи ҷавонон таъкид менамоянд.
Таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи он, миёни курсантони аъзои Шӯрои ҷавонони Академия ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда буд.

426

Баъди ба анҷом расидани курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Забономӯзӣ» эълон карда шуд ва дар ин озмун курсантоне, ки курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро гузашта буданд, иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Ғолибони озмун аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Академияи ВКД бо диплом ва маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар баробари ин ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ (курсантони аъзои Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард»), санаи 23-юми ноябри соли 2018 бо ҳамроҳии мушовири калони Вазири корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода М., сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода А. ва муаллимаи забони англисӣ Сабзакова П., инчунин аз Академияи ВКД раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Маронов С. ва муаллими калони кафедраи «Забонҳо» подполковники милитсия Аҳмадов С. ба Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон сафар намуданд.
Дар рафти сафар дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моро дар сатҳи баланд намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони политсияи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд. Гурӯҳи чавонон бо роҳбаладии ин сохторҳо аввал ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда аз тамоми ҷойҳои таърихии ин вилояти куҳан дидан намуданд.

425

Нимаи дуюми рӯзҳои 24-25-уми ноябр гурӯҳи ҷавонон ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, аз тамоми ҷойҳои таърихии ин вилоят аз наздик ошноӣ пайдо карданд ва таассуротҳои хубе бардоштанд.
Санаи 26-уми ноябр курсантон ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» бо як ҷаҳон хотироти нек ва меҳру муҳаббати дӯстона роҳ сӯи Ватан пеш гирифтанд.
Курсантон иброз доштанд, ки аз ин сафар ба худ бисёр чизҳои заруриро гирифтанд ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД дар муассиса бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, хизматгузори миллату давлат ва Ватани хеш мегарданд.
МАРДОНОВ Сафармуҳаммад, раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...