Боздиди ҳайати ВКД Давлати Қатар аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи тақвияти ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар бо роҳбарии генерал, Котиби генералӣ Муҳаммад Абдулло Шаҳвонӣ, дар ҳайати 5-нафар рӯзи 27-уми ноябри соли 2018 аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатарро сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ҳамроҳӣ намуд.
Дар саҳни Академияи ВКД меҳмонони олиқадрро муовини аввали сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., муовинони сардори Академия, роҳбарони факултетҳо ва горди фахрӣ бо нону намак истиқбол намуданд. Ба онҳо платс-консерт бо иштироки курсантдухтарон ва оркестри нафасӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.
Меҳмонон аз дастовардҳои Академияи ВКД, толорҳои он, факултетҳо, синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, ба раванди таълим шиносоӣ пайдо карданд. Ба меҳмонон махсусан тарҳи меъмории бинои Академияи ВКД, интизоми иҷроияи афсарону курсантони ин боргоҳи маърифат хеле писанд омад.
Меҳмонон бо ҳайати шахсӣ вохӯрда, изҳори ҳамкории муштаракро алайҳи ҷинояткории муташаккил баён доштанд. Ба меҳмонон дастаи ҳунарии Академияи ВКД барномаи рангини консертӣ манзур намуд.
Меҳмонон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии тоҷикона миннатдории хешро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Академияи ВКД изҳор намуданд.
Иқдом гирифта шуд, ки минбаъд ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., махсус барои Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон