Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами миллӣ инъикоскунандаи анъанаи таърихию фарҳангии тоҷикон аст

419

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.

Аз рӯи ривоятҳои ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда ба мубориза бархостааст, ки онро «Дирафши Ковиён» мегӯянд. Дар замонҳои қадим дар ҷангҳои байни Юнониёну форсҳо, ки асри V пеш аз милод ба вуқуъ омадаанд, ҳамчунин дар ҷангҳои Хилофати араб, муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо, амалиётҳои ҳарбии Сомониёну Ғуриён, Ғазнавиҳо, Муғулҳо, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар байрақи алоҳидаи худро дошт. Дар асрҳои миёна аксар давлатҳо байрақи худро соҳиб буданд. Ҳатто дар асрҳои XVI-XVII казакҳои Дон байрақи махсус доштанд. Дар байни аскарону сарбозон алоҳида шахсоне буданд, ки вазифаашон танҳо аз байрақ бардоштан ва онро нигоҳбонӣ кардан иборат буд.
Асрҳои минбаъда ҳар давлат, ташкилот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ҷамъият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳо соҳиби байрақи худ буданд. Ҳамин тариқ байрақ аз замонҳои хеле қадим ҳамчун рамз аз тарафи давлатҳо нигаҳдорӣ мешуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, анъанаи таърихию фарҳангии чандинсолаи тоҷиконро инъикос мекунад.
Аз ин рӯ, бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, якчанд чорабиниҳо гузаронида шуданд.

420

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 ноябри соли 2018 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда озмун дар навиштани иншои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Парчами давлатииҶумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар навиштани иншои беҳтарин ҷойи якумро курсанти курси 2, гурӯҳи 201 милитсияи қаторӣ Мирраҳимов Маҳмадшо, ҷойи дуюмро курсанти курси 3, гурӯҳи 301 милитсияи қаторӣ Абдолбахтов Самир ва ҷойи сеюмро ду нафар курсантони курси 3, гурӯҳи 301 милитсияи қаторӣ Маъмурова Ганҷина ва Холмуродов Султонмурод курсанти курси 5, гурӯҳи 502 соҳиб гаштанд.
Инчунин санаи 23 ноябри соли 2018 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии кураторони байни гурӯҳҳо ва кафедраҳо озмун дар кашидани расми Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деворнигори беҳтарин бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кашидани расми беҳтарин ҷойи якумро курсантони гурӯҳи 101, ҷойи дуюмро курсантони гурӯҳи 502 ва ҷойи сеюмро курсантони гурӯҳи 403 соҳиб гаштанд.
Дар деворнигори беҳтарин ҷойи якум лоиқи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, ҷойи дуюм лоиқи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ ва ҷойи сеюм лоиқи кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ гашт.
Дар санаи мазкур дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда викторина бахшида ба Рӯзи Парчами давлатииҶумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар викторина бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро курсантони гурӯҳи 501, ҷойи дуюмро курсантони гурӯҳи 302 ва ҷойи сеюмро курсантони гурӯҳи 401 соҳиб гаштанд.

421

Аз тарафи роҳбарияти факултет ба ҳамаи он курсантоне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр кард, худи ҳамин рӯз дар маҷлисгоҳи факултет мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии факултет баргузор гардид, ки муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ба ин ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсиро бо ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, доир ба таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар маълумот дод.
Таъкид кардан зарур аст, ки ҷамъомади мазкур аз ду қисм иборат буда дар қисми аввал баромадҳои илмии устодон шунида шуда, дар қисми дуюм бошад лаҳзаи фароғатӣ ташкил гардида, аз тарафи ҳунармандон консерти идона пешкаш карда шуд.
Бинобар ин Парчами давлатӣ на танҳо рамз, балки ҳастии тоҷикистониёнро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он нишонаи хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Мо дар назди Ватан бо парчам қасам ёд кардааем, ки садоқатмандона муҳофизи қонун бошем ва барафрохтани Парчами давлатӣ заминаи пойдории давлату оромии ҷомеа мебошад.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...