Ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД
Рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 сол дар толори фарҳангии Академияи ВКД бо ташаббуси шуъбаи кадрҳои Академияи мазкур ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ва роҳбарияти Академия баргузор гардид. Саҳни Академия ва толори фарҳангӣ бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шуда, ҷашн бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким бо сухани табрикӣ ва маърӯзаи муфассал баромад намуда, иброз дошт, ки маҳз бо талошҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд - чун рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами давлатии Ҷумҳурии азизамон қабул гарид.
Бо ибтикори Пешвои миллат ҳар сол ботантана ин рӯзи мукаддас дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Кабирзода Ҷурахон Ҳаким аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳозиринро бо ин санаи муборак самимона тарику таҳният намуданд.
Сипас, муовини сардори шуъбаи кадрҳои Академия полковники милитсия Иброҳимов Қурбон дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърихи ташаккул ва моҳияти он» маърӯза намуд.
Дар рафти чорабинӣ аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ Адолатов Иноят дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - шаҳсавори дунёи сиёсӣ» ва сардори шуъбачаи корҳои тарбиявии шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД подполковники милитсия Хушвахтова Бибихол дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парчами давлатӣ» маълумот дода, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки васеи ҳаваскорони Академияи ВКД ва овозхонони номии кишвар Остони Азиз, Шаҳроми Абубакр, Толиб Абдулло, Боғигул Саидова ва дигарон баргузор гардид.
Ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД дар фазои шодию фараҳ аз дастовардҳои Истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ бо хондани суруди «Ливои Ватан», парафшонии Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз анҷом пазируфт.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.