Таҷлили Рӯзи Президент ва ба истифода додани чархи аввали НБО Роғун
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархи аввали НБО Роғун санаи 16 ноябри соли 2018 дар Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо ин рӯйдодҳои воқеан таърихӣ табрик намуд ва доир ба таҷлил гардидани Рӯзи Президент, Иҷлосияи тақдирсоз ва кушодашавии чархи аввали НБО Роғун маърӯза намуда, аҳамият ва муҳимияти ин рӯйдоди воқеан таърихиро ба саҳми ҳозирин расонид.
Сипас, риштаи сухан дар мавзӯи «26-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иҷлосияи тақдирсоз» ба сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А., дода шуд.
Мавсуф зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ ҳусни оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Инчунин, маърӯза дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон, дар бунёди давлати навини тоҷикон», иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ полковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. баромад намуда, қайд кард, ки маҳз ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошта, ба шарофати ин марди наҷиб низоъу кашмакашиҳои сиёсӣ ва ба ҷанги хонумонсузӣ шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Баъдан дар мавзӯи «Роғун – иншооти аср» сардори факултет н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло суханрони карда, қайд намуд, ки воқеан ҷашн гирифтани кушодашавии чархи аввали НБО Роғун барои мардуми сарбаланди тоҷик аҳамияти таърихию стратегӣ дошта, яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зинаи аввали истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин месозад.
Мавриди зикр аст, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда тавассути оинаи нилгун пахши мустақимро доир ба кушодавии чархи аввали НБО Роғун тамошо намуданд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия