Курсанти факултети № 4 Назаров Бахтовар- ғолиби мусобиқа оид ба Бокс гардид
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи донишгоҳҳо мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ, фаъолият менамояд. Аз тарафи роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикис-тон пайваста кушиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намояд. Омӯзгорони факултети № 4 аз рӯзҳои аввали таҳсили курсантон дар ин макотиби олӣ, масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати роҳбарияти факултет ва ҳамзамон оштинопазирии омӯзгорон ва кормандони факултет ба таълиму тарбияи курсантон таъсири мусбӣ расонида, ҳама гуна омилҳои манфӣ пешгирӣ карда мешаванд. Ҳамзамон ҳавасманд ва ҷалб намудани курсантон ба варзиш, инчунин ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш байни курсантон, беҳдошти саломатии онҳо, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, аз тарафи устодони факултет пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад. Дар ин самт як теъдоди курсантони факултети № 4 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Яке аз чунин курсантон - сержанти хурди милитсия Назаров Бахтовар Қудратуллоевич мебошад., ки бо муносибати хуб ва бодиққатона ва рафтори ҳамида дар байни ҳамкурсон ва устодони факултет обрӯву эътибори хосаро соҳиб гардидааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба варзиш шуғл варзида, дар намуди Бокс ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Вай ҳамарӯза ба машқу тамрин машғул буда, дар ҳамаи мусобиқаҳо дар байни ҷавонон ва наврасон фаъолона иштирок ва соҳиби медалу ифтихорномаҳо гардидааст.
Инак, санаҳои 15-18 ноябри соли 2018 курсант Назаров Бахтовар дар мусобиқаи кушоди мактаби маҳорати олии варзиши вилояти Суғд оид ба Бокс дар байни калонсолон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар вазни зиёда аз 91 кг сазовори ҷойи аввал гардид. Боиси ифтихор аст, ки чунин курсантони болаёқат дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ба чунин комёбиҳо ноил мегарданд. Гузашта аз ин курсант Назаров Бахтовар дар мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни мактабҳои олии вилоят, барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд, дар намуди гӯштини тарзи озод иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Назаров Бахтовар соли гузашта низ дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Бокс байни ҷавонон ва наврасон дар вазни 91 кг бахшида ба 27 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва поси хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, Чемпиони Иттиҳоди Шуравӣ Ӯктам Тошматов, иштирок намуда ҷойи аввалро ишғол намуда буд.
Аз дастовардҳои курсант Назаров Бахтовар ҳайати кормандон ва омӯзгорон, инчунин курсантони факултет шоду хуррам буда, барои ӯ фатҳи қуллаҳои нави варзишӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамоянд.
Муҳамадиев Н.Б. полковники милитсия