Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

413Рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда викторина бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки саволномаҳо чунин буданд:

Парчами дар расмбуда чӣ ном дорад? Дар бораи он маълумот диҳед.

Ҷавоб: Дирафши Ковиёнӣ
Ҳар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст, ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд.
Вожаҳои "ахтар" ва "дирафш" дар садаҳои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор мерафтаанд. Дар мӯътабартарин фарҳангҳои форсӣ "ахтар"- ро ситора навиштаанд ва ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд. "Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Доир ба санаҳои таърихии парчамҳои Бухоро маълумот диҳед?

Ҷавоб:
1. Парчами Аморат то 1 сентябри соли 1920
2. аз 23 сентябри соли 1921 то 14 августи соли 1923
3. аз 11 октябри соли 1923 то 19 сентябри соли 1924

Доир ба таърихи парчамҳои РСС Тоҷикистон маълумот диҳед?
Нахустин парчами Тоҷикистон (аз 23.02.1929)

Парчами ҶШС Тоҷикистон (1929-1931).
Тоҷикистон 14 октабри 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16 октабри 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазируфта шудааст.
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1931–1935). Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни Асосии нав, парчами он низ дигар шуд ва ин дарафшро 25 феврали 1931 сохтаанд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон (1935–1940). 4 июли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд. Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз порсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ кора кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу болға”-ро менигоштанд.
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1940–1946).
Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу болға” нигошта шуд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон (1953–1991).
Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди саноатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1992).
То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу болға” ба кор мебурд.
Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.
Дар викторина бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро курсантони гурӯҳи 501, ҷойи дуюмро курсантони гурӯҳи 302 ва ҷойи сеюмро курсантони гурӯҳи 401 соҳиб гаштанд.
Аз тарафи роҳбарияти факултет ҳамаи он курсантоне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.