Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисоси кормандони кофтукови ҷиноятӣ дар Академияи ВКД

411

Дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми октябр то санаи 24-уми ноябри соли 2018 кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД бо теъдоди 17-нафар аз курсҳои такмили ихтисос бомуваффақият гузашта, соҳиби сертификати дониш дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гардиданд.

412

Курсҳои мазкур бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташкил карда шуда, ҳар сол аз ин курсҳо категорияи гуногуни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузаранд.
Ба рафти курсҳои такмили ихтисос сардори кафедраи такмили ихтисос, номзади илмҳои сиёсӣ, подполковники милитсия Ҳалимзода Д. роҳбарӣ намуда, устодони варзида ба онҳо аз фанҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, этикаи касбӣ, психология, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ дарс мегӯянд.
Аз рӯи анъана дар анҷоми курсҳо аз тарафи роҳбарият бо онҳо вохӯриҳои муфид гузаронида мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки курсҳои мазкур савияи илмӣ ва ҷаҳонбинии кормандонро хеле баланд гардонида, онҳо бо як рӯҳияи баланд ба ҷойҳои кории хеш бармегарданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...