Консерти идона бахшида ба «Рӯзи Президент» ва кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун»
Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» ва кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» дар Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб консерти идона баргузор гардид.
Сардори Коллеҷи милитсияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, курсантону омӯзгоронро бо ин падидаи таърихӣ табрик намуд.
Сипас, курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД дар васфи Пешвои миллат ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» шеърҳо қироат намуданд.
Дастаи ҳавскорони Академияи ВКД бо роҳбарии лейтенанти калони милитсия Лақаев С.С. бо барномаи рангини консертӣ баромад карда, табъи курсантонро дар ин рӯзи фархунда болида гардониданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Сафаров О.Ҳ.