Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантон дар Спартакиадаи вилоятӣ

408

Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳои хеш вобаста ба аз худ намудани илму дониш, машғул шудан ба варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон иброз медорад, ки рӯ овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа мебошад. 

531

Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Раиси вилояти Суғд», инчунин бо мақсади муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байнидонишгоҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз санаи 31-уми октябр то санаи 15-уми ноябри соли 2018 шуда гузашт. 
Дар мусобиқаи номбурда курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Мусобиқаҳо аз 8 намуди варзиш (волейбол, гӯштини миллӣ, гӯштини дзюдо, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, гӯштини самбо ва бокс) гузаронида шуданд. 
Мутобиқи Низомномаи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, барои бисёртар ҷалб намудани донишҷӯён ба варзиш, як нафар донишҷӯ ҳуқуқи дар як намуди варзиш иштирок карданро дошт. Пеш аз баргузории мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби комиссияи мандатӣ, аз ҳисоби кормандони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, ҳуҷҷатҳои ҳар як донишҷӯ тафтиш ва санҷида шуда, сипас барои иштирок намудан иҷозат дода мешуд. Ҳамчунин доварони мусобиқа низ аз ҳисоби варзишгарони собиқадори вилояти Суғд таъин карда шуда буданд. 
Дар Спартакиадаи мазкур 74 нафар курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 намуди варзиш, фаъолона иштирок намуда ба чунин дастовардҳо ноил гардиданд:

532

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс 3 нафар курсантон ғолиби мусобиқа гаштанд. Курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Ҳаитов Ҳаитбой дар вазни 81 кг ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гашт. Курсантони курси 5-ум, сержанти хурди милитсия Мамуров Далер ва милитсияи қаторӣ Шарифзода Матлубхон дар вазни 91 кг ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра гардиданд. 
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук 5 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд: Курсантони курси 2-юм, милитсияҳои қаторӣ Мирраҳимов Муҳаммадшо ва Эшонқулова Мубина дар партофтани диск ва партофтани ядро ҷойи 1-умро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардиданд. 
Курсантон Саидзода Сӯҳроб, Мудинов Шоҳрух ва Сафаров Парвиз дар мусобиқаи варзиши сабук ҷойи 2-юмро ишғол намуда, курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Авеззода Саидшариф дар мусобиқаи давидан ба масофаи 110 метр соҳиби медали нуқра гардиданд. Курсант Мелибоев Ҷамшед дар мусобиқа дар намуди эстафета 4х100 ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. 
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи дзюдо 3 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ҳусейнов Азизмуҳаммад ҷойи якумро ишғол намуда соҳиби медали тилло гардид. Курсант Муриватзода Маъруф ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра ва курсант Абдолбохтов Самир ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи миллӣ 2 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсантон Муҳаммадиев Шарифхон ва Хисравзода Абдуғаффор ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

533529

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи самбо 5 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсантон Ҳусейнов Азизмаҳмад ва Сиддиқов Пайрав ҷойи 1-умро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардиданд. Курсант Давлатзода Абӯрайҳон ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Курсантон Булбулшоев Эроншо ва Муссоев Муслимбек ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. 
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини тарзи озод 5 нафар курсантони факултет ғолиб омаданд. Курсантон Бадавлатзода Шамсулло ва Иноятов Ҳаким ҷойи 2-юмро ишғол намуда соҳиби медали нуқра гардиданд. Курсантон Назаров Бахтовар, Бадавлатзода Рамзулло ва Нуров Маҳадобид ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Санаи 16 ноябри соли 2018 дар майдончаи сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҳайати шахсии факултети мазкур гузаронида шуд, ки зимни баргузории чорабинии мазкур, ба ғолибони Спартакиадаи вилоятӣ аз тарафи сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. миннатдорӣ баён карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ медал ва дипломҳо супорида шуд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...