Ташрифи ҳамватанони бурунмарзӣ ба Академияи ВКД
Дар доираи ботантана кушодашавии агрегати якуми НБО - «Роғун» гурӯҳи тоҷикони бурунмарзӣ, ки аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, аз бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд гашта, бо истифода аз фурсати муносиб аз Академияи ВКД дидан намуданд.
Дар саҳни бинои Академияи ВКД онҳоро сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. истиқбол гирифта, хайрамақдам гуфт.
Чун анъанаи неки тоҷикона онҳо аз нону намаки кишвари аҷдодӣ чашида, аз нигораҳои кормандони Академияи ВКД бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар саҳни бинои Академия ба хотири меҳмонон платс-консерт аз ҷониби курсантдухтарони Академия намоиш дода шуд, ки писанди ҳамагон гашт.
Сипас, дар толори фарҳангии Академия мулоқоти тоҷикони бурунмарзӣ бо курсантони Академия баргузор гардида, меҳмонон бо қаноатмандии зиёд иброз доштанд, ки шаҳри Душанбе ин қадар зебою рангин гаштааст, ки аз заҳматҳои шаҳрдорӣ дарак медиҳад.
Зикр гардид, ки сафари асосии онҳо ба муносибати ботантана кушодашавии агрегати якуми НБО - «Роғун» буда, дар ин доира бо шароитҳои тасҳил дар Академияи ВКД шинос шуда, аз шароитҳои фароҳамовардашуда ва бунёди чунин бинои зебо ифтихор намуданд.
Баъд аз мулоқот баҳри болидахотирии меҳмонон ва ба муносибати ботантана кушодашавии агрегати якуми НБО-«Роғун» ва «Рӯзи Президент» аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Акдемияи ВКД консерти идона баргузор гардид.
Вохӯрӣ писанди меҳмонони бурунмарзӣ ва ҳозирин гардида, дергоҳ дар лавҳи хотираҳо нақш хоҳад баст.
Асламов Бозоралӣ, Убайдуллоев Шавкат - махсус барои Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.