Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманди курсантон бо роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ

 41

Рӯзи 14-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти факултетҳои №1 ва №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди маҷлисгоҳи Академияи мазкур вохӯрии навбатии курсантони факултети №2 бо роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. 
Дар вохурӣ полковники милитсия Олимзода А.А., сардори факултети №1, полковники милитсия Назиров Н, А., сардори факултети №2, полковники милитсия Ализода А.Ш., роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо таври ғоибона дар факултетҳои №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

401

Дар вохурӣ сардори ШВКД дар ш.Турсунзода генерал-майори милитсия Искандарзода М.А. муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Ф.В., муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, подполковники милитсия Исматзода О,П. баромад намуда аз таҷрибаи кории милитсия ба курсантони факултети №2 маълумоти муфассал доданд. Сипас гуфтугӯи озоди курсантони факултети №2 бо роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки бо саволу ҷавоб анҷомид.
Боиси тазаккур аст, ки ба тарбияи маънавии курсантони сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, пайваста чунин вохӯриҳо созмон медиҳад, ки майли касбомӯзӣ ва ватандӯстии курсантонро боло мебарад.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...