Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК БОЛО МЕРАВАД

40(Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ
ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ш.Душанбе, 10.11.2018 сол)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадан, ибтидо аз иҷлосияи 16-Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба масъалаи таҳкими давлатдорӣ, алалхусус мустаҳкам намудани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, то кунун нисбати ин сохтори муҳими давлатӣ ғамхориҳои беназирро зоҳир менамояд.
Аввалан маоши кормандони милитсия то 150 фоиз афзуд, ки дар байни дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ хеле назаррас буда, ин иқдом дар оянда низ дар назар аст.
Дуввум, ҳайати генералитети мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби милитсия (то 60 нафар) афзуд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхории хоси Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳайати кадрии МКД мебошанд.
Сеюм, беш аз 700 нафар кормандон бо манзили истиқоматии доимӣ ва 2600 нафар ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд, ки чунин ғамхорӣ дар фазои давлатҳои ИДМ собиқа надорад.
Чорум, тамоми биноҳои маъмурии милитсия таъмину тармим гардида, аз нав сохта шуда ба шароити муосири технологӣ мувофиқ гардонида шуданд, ки дар замони 70-соли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чунин биноҳҳои замонавӣ сохта нашуда буданд.
Панҷум. Ғамхории бевоситаи Сарвари давлат дар самти тайёр намудани кадрҳо, сохтмони бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб, Колеҷҷи махсуси оташнишонии шаҳри Данғара, РКҶ ВКД, РК ва КҲШ ВКД, Раёсати тиббии ВКД, Маркази муштараки зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизми ВКД, Марказҳои машқҳои тактикӣ ва омӯзиш дар мавзеи Марғоби шаҳри Ваҳдат ва Шаҳристони вилояти Суғд аз он дарак медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат дурнамои давлатро дар тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар заминаи Вазорати корҳои дохилӣ мебинад. Аз ҷумла ҳангоми ифтитоҳи бинои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 иброз намуданд, ки ин бинои сатҳи баланди меъморӣ барои садсолаҳо на танҳо барои кормандони МКД, балки тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат хоҳад намуд.
Шашум. Нақши мақомоти корҳои дохилиро дар ошкор сохтан ва мубориза бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ баръало инъикос намуданд, ки дар байни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле назаррас мебошад, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор.
Ҳафтум. Саҳми кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ хеле васеъ инъикоси васеи худро ёфта баҳои баланд гирифт.
Аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли кормандони МКД рӯҳу илҳоми тоза гирифта, арзи сипос намуда, ба таври шабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ камбудиҳои ҷойдоштаро пурра ислоҳ намуда, масъулияти корманди милитсияи тоҷикро боз ҳам баланд бардоранд. Милитсияи тоҷик ҳамеша дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, зичу муттаҳид буда, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пайваста софдилона ва беғаразона хизмат менамояд.

Бозоралӣ АСЛАМОВ – полковники милитсия
Файзалӣ ҚОСИМОВ – полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...