Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

10

Варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Бинобар ин тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4-и Академияи мазкур пайваста чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи кории кафедра ва факултети №4 мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои «Футболи хурд», «Шоҳмот» ва «Шашка» ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқаи мазкур байни кормандон, шунавандагон ва курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик, аз санаи 22-юми октябр то санаи 5-уми ноябри соли 2018 гузаронида шуда, ғолибони мусобиқа дар ин намудҳои варзиш, муайян карда шуданд.

519

Дар мусобиқаи «Футболи хурд» ҳафт даста, яъне дастаи кормандони факултет, дастаи курсҳои тайёрии ибтидоӣ, дастаи курсантони курси 1-ум, дастаи курсантони курси 2-юм, дастаи курсантони курси 3-юм, дастаи курсантони курси 4-ум ва дастаи курсантони курси 5-ум фаъолона иштирок намуда тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултет ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ баргузор гардид. 
Зимни баргузории бозиҳо ҳар як дастаи футболбозон кӯшиш менамуданд, ки ба рақиби худ ғолиб оянд, бинобар ин бозиҳо бисёр шавқовар ва хотирмон гузашт. Ниҳоят баъди бозиҳои тӯлонӣ ва вохӯриҳо, мусобиқаи Футболи хурд бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт:
- ҷойи аввал насиби дастаи футболбозони курси 5-ум;
- ҷойи дуюм насиби дастаи кормандони факултет;
- ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони курси 2-юм гардиданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба «Шашка» ва «Шоҳмот» башад, тибқи дархостҳо аз курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ, курсантон ва кормандон фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ дар ин намудҳои варзиш дар байни курсантон ва кормандон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд, ки чунин натиҷа дод:

518

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» дар байни кормандон 19 нафар байни худ қувваозмоӣ намуда, ғолибон муайян карда шуданд. Яъне: Ҷойи аввал насиби майори милитсия Қудратов Мӯминбой гардид. 
Ҷойи дуюм насиби майори милитсия Бобокалонӣ Ҷаҳонбек гардид.
Ҷойи сеюм бошад насиби капитани милитсия Бобокалонов 
Бахтовар гардид. 
Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон:
Ҷойи аввал насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ 
Зоиров Амонилло гардид. 
Ҷойи дуюм, насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ 
Собиров Умед гардид.
Ҷойи сеюм насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ 
Олимов Оқил, гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шашка» дар байни кормандон 23 нафар байни худ қувваозмоӣ намуда, ғолибон муайян карда шуданд. Яъне: Ҷойи аввал насиби майори милитсия Бобокалонов 
Бахтовар гардид. 
Ҷойи дуюм насиби лейтенанти калони милитсия Хайруллозода 
Лутфулло гардид.
Ҷойи сеюм бошад насиби берутба Салимӣ Ҷӯрабек гардид. 
Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон:
Ҷойи аввал насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ 
Қудратов Ҳоҷибек гардид. 
Ҷойи дуюм, насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ 
Сангинов Адҳам гардид.
Ҷойи сеюм насиби курсанти курси 2-юм,милитсияи қаторӣ 
Юсуфов Одил, гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати шахсии факултети мазкурро махсусан ҷавонон ташкил медиҳанд, бинобар ин ҷиҳати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос аз масъулият ва малакаи кордонии кормандони факултет вобастагии калон дорад. Имрӯз хатмкунандагони факултет бояд ба ҳамаи он талаботҳое, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ нисбат ба кормандони ҷавон пешниҳод шудааст, ҷавобгӯ бошанд. Яке аз он талаботҳо варзиш ва омодагии ҷисмонии кормандон мебошад. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҷисмонии курсантон, яъне ҷалб намудани онҳо ба варзиш пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад. Тибқи нақша - чорабиниҳо мунтазам, бо иштироки курсантон ва кормандон, бахшида ба санаҳои таърихӣ мусобиқаҳои варзишӣ ташкил намуда, ба он теъдоди зиёди курсантон ҷалб карда мешаванд. 
Мусобиқаҳои мазкур низ аз ҷумлаи он чорабиниҳо мебошад, ки ҳадафи он ҳавасманд гардонидани курсантон, оммавӣ гардонидани варзиши сабук дар байни ҳайати шахсӣ мебошад.

 517
Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи кормандон, курсантони факултет дар чорабинии мазкур бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ иштирок намуданд ва чорабинӣ дар як фазои идона ташкил карда шуд. 
Санаи 10-уми ноябри соли 2018 дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик гузаронида шуд, ки зимни баргузории чорабинии мазкур, ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз тарафи сардори факултети № 4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. миннатдорӣ баён карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ Ҷом ва Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...