Чорабинии идона дар факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 10 ноябри соли 2018, дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии идона дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик, таърих ва имрӯзи он» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.
Сипас, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, сардори факултет ҳайати шахсиро бо таъсисёбии милитсияи тоҷик табрик намуда, доир ба фаъолияти милитсия маълумоти мухтасар дод.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия, Хокироев А.Ю. дар мавзӯи «Дирӯз ва имрӯзи милитсияи тоҷик» баромад намуда, маълумотҳои ҷолибро аз таърихи таъсисёбӣ, рушду такомул ва дастовардҳои милитсияи тоҷик манзури ҳозирин намуд.
Инчунин, дар чорабинӣ муаллимаи кафедраи «Тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос», лейтенанти калони милитсия Баҳодурзода М. дар мавзӯи «Таърихи факултети №4 » баромад карда, дар бораи саҳми милитсия дар ҷомеа ва баланд бардоштани мақоми милитсионерон ибрози андеша намуд.
Дар чорабинӣ собиқадорони факултет иштирок ва баромад намуда, ҳайати шахсиро ба росткорӣ, далерию шуҷоат ва хониши хубу аъло даъват намуданд.
Бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дар рафти чорабинӣ, аз тарафи курсантони курси якум шеърҳои нобу дилнишин дар васфи милитсия қироат карда шуданд.
Чун чорабинӣ бахшида ба таҷлили Иди касбии милитсияи тоҷик гузаронида шуд, лаҳзаи мусиқӣ ва сурудхонии ҳофизон низ ба он як таровати тоза бахшид.
Абдуллозода Ф., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти милитсия.