Курсанти Академияи ВКД сазовори ҷои аввал дар барнома-озмуни ҷумҳуриявии «Студияи ровиён» гардид
Бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТМТ «Шаҳнавоз» барои дарёфти чеҳраҳои нави санъати зебои суханварӣ, сухандонӣ ва лаҳну гуфтори ширин барнома-озмуни ҷумҳуриявии “Студияи ровиён” баргузор гардид.
Барнома-озмуни “Студияи ровиён” аз чаҳор даври асосӣ иборат буд. Дар даврҳои аввал шумораи иштирокчиён хело зиёд буданд ва миёни ин қадар довталаб он иштирокчие, ки аз худ истеъдоди баланди суханварӣ нишон медод ба даврҳои минбаъда роҳхат мегирифт.
Дар ин барнома-озмун Академияи Вазорати корҳои дохилиро курсанти курси 4-уми факултети №5 сержанти милитсия Ҳабибов Ҳокимҷон Тоҳирҷонович намояндагӣ мекард.
Хушбахтона, Ҳабибов Ҳокимҷон тавонист бо маҳорати баланд аз ҳама даврҳои барнома-озмун, ки яке аз дигаре мушкилтар буданд, гузашта, сазовори ҷои аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардад.
Иштирок ва ғолибият ба даст овардан дар чунин озмунҳо барои курсанти курси 4-уми факултети №5 сержанти милитсия Ҳабибов Ҳокимҷон бори аввал набуда, ёдовар мешавем, ки Ҳабибов Ҳокимҷон, инчунин ғолиби озмуни шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии ровиёни ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан” ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарин” мебошад.
Меҳрулло Нуруллозода, Давлат Савирзода, Комил Холзода, омӯзгорони Академияи ВКД.