Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия

398

Рӯзи 9-уми ноябр дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии тантанавии идона доир гардид, ки дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ширкат намуданд.

193194195

Чорабинии тантанавиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, оғоз намуда, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба ин рӯзи касбӣ табрику муборакбод гуфта иброз дошт, ки имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ду бинои наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат боиси ифтихор ва сарфарозии мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ҳамчунин дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ якчанд бинои маъмурӣ муҳайё бо тамоми шароитҳо барои пешбурди хизмат ба истифода дода шуд, ки ин ҳам бошад таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбари давлат нисбати мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

196197198199200

Сипас, сардори Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуҷаббор Сатторзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсия табрику муборакбод намуда, фаъолияти ҳар як кормандро дар ин ниҳоди қудратӣ пешаи бошарафу пурифтихор арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ як қатор кормандон барои хизматҳои шоёну содиқонаашон дар мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ, медал, нишони сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипосномаи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

201202203204205206207

Дар қисмати дувуми ин чорабинии бошукӯҳ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҷовидон Нозимов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Нобовар Чаноров, ансамбли Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳаҷвнигорон Бахтиёр Раҳимов, Ташриф Халилов ва ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ консерти идона баргузор гардид.

Тоҷиддин Латипов

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...