Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия – такягоҳи давлат

397

Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри солӣ 2017 иброз намуданд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникат- сиониро беҳтар гардонем.

177

Баҳри амалӣ намудани супориши Сарвари давлат, санаи 8-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ бахшида ба рӯзи «Милитсия тоҷик» ташкил ва гузаронида шуд. Дар он, муовини сардори факултет оид ба қисми таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., ва ҳайати профессорону омӯзгорон иштирок намуданд.

178

Сухани ифтитоҳӣ ба муовини сардори факултет оид ба қисми таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., дода шуд. Мавсуф доир ба мавзӯи милитсияи тоҷик дар назди иштирокчиён баромад карда мӯҳтавои онро шарҳ дод. Сипас, муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, майори милитсия Ҷӯразода Д.И. дар мавзӯи «Милитсия такягоҳи давлат» ва курсантони курси 3-юм Ачилов А. бо забони русӣ дар мавзӯи «Рӯзи милитсияи тоҷик» ибрози ақида намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти милитсия маърӯза намуданд. 
Шахсони баромадкунанда ба саволҳои курсантон ҷавоб дода амалияро бо назария алоқаманд намуданд.
Ҳамин тариқ, муовини сардори факултет оид ба қисми таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., конференсияи илмӣ-назариявӣ ва амалиро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин барори кор ва муваффақиятҳо таманно кард.
Абдуллозода Д., муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...