Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи милитсия дар Академияи ВКД

30

Рӯзи 7-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 ва Шурои роҳнамоёни Академияи ВКД дар толори маҷлисгоҳи Академияи мазкур конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи милитсия зери унвони «Милитсия такягоҳи боэътимоди давлат» бо иштироки васеи олимону курсантон баргузор гардид.

174

Кори конференсияро сардори шуъбаи таълим, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш. кушода, табрикоти роҳбарияти Академияро ба Иди касбии кормандони милитсия ба ҳозирин расонид.
Сипас, полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзӯи «Милитсияи Тоҷикистон - таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ», курсанти курси 3-юми факултети №2 Нарзиқулов Ш.К. дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди макомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон», курсанти курси 2-юми факултети №5 Зулфонов И.Р. дар мавзӯи «Таърихи мақомоти сухторнишонӣ дар Точикистон» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

175

Аз ҷониби курсанти курси 3-юми факултети №2 Саъдуллоев М. суруди ватандӯстона бо коркарди мусиқӣ пешкаши иштирокчиёни конференсия карда шуд.
Дар охири кори конференсия озмуни табрикномаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъбаст гардид.
Убайдуллоева Ф., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...