Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ

394

Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018 дар толори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. оғоз намуда, аҳамияти ин ҷашнвораро дар масири таърих баён намуд.
Сипас меҳмони конференсия Бобоев А. - дотсент, н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети «Ҳуқуқшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Инкишофи ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Инчунин сардори кафедраи давлатӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. дар мавзӯи «Тартиби қабули Конститутсия дар замони муосир» бо маърӯза баромад намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба тартиби қабули Конститутсия иброз дошт.

393
Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет оид ба мавзӯи конференсия доир карда шуд.
Дар хотима, конференсияро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Ҳоҷибобо З.М., и.в.сардори кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия.
Хонкилдиев А.Б., корманд – мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, сержанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...