Мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам оид ба омодагии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»
Барои пешрафт ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас масъалаи ниҳоят муҳим ин ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва бомаърифат дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад. Зеро аз маҳорати корбарии ҳайати роҳбарикунанда фазои руҳию психологии коллектив, тарбияи ҳайати шахсӣ ва маданияти коргузории онҳо вобастагии калон дорад. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати доимӣ аз болои зердастон ва ҳамзамон бо ин, серталабӣ ва оштинопазирии ҳайати роҳбарикунанда ба таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ, аз ҷумла кирдорҳои ғайринизомӣ ва ғайриқонунӣ имкон медиҳад, ки фазои ором барои фаъолияти хизматӣ ва интизоми қатъӣ ҷорӣ карда шуда, дар ин замина сифат ва самаранокии хизмат боз ҳам беҳтар гардад.
Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ, рӯзи 30-юми октябри соли 2018 мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам оид ба омодагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» бо иштироки кормандони Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд, кормандон ва курсантони факултети №4, доир намуд.
Дар мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуд. Сардори факултети мазкур аз ҷумла қайд намуд, ки мавзӯи мизи мудаввар ва масъалаҳои баррасишавандаи он мутобиқ ба талаботи имрӯза, мубрам ва саривақтӣ мебошанд, зеро айни ҳол ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ислоҳот қарор дошта ба кадрҳои болаёқат ва соҳибмаълумот ниёз дорад.
Ҳамзамон дар ҷараёни мизи мудаввар сардори факултет вобаста ба мавзӯи имрӯза маърӯзаи пурмӯҳтаво ва ҷолиби диққат доир ба омода намудани кадрҳои баландихтисос, бо намоиш додани наворҳои видеоӣ, ироа намуд, ки мақбули иштирокчиён гардид. Сипас номбурда ба ҳозирин меҳмонони даъватшудаи мизи мудавварро шинос карда, риштаи суханро ба маърӯзачиён пешниҳод намуд.
Яке аз масъалаҳои мубрам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мутобиқсозии кормандони ҷавон ба ҳисоб меравад. Доир ба ин масъала аз тарафи полковники милитсия Муҳамадиев Н.Б. маърӯза таҳти унвони «Нақши корҳои маданӣ - маърифатӣ дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва таъсири он бар мутобиқшавии кормандони ҷавон», ба иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод карда шуд.
Бо маърӯзаи дигар, яъне «Такмилдиҳии омодагии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои қудратӣ дар системаи омӯзиши иловагии касбӣ», муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, полковники милитсия Собиров И.Ғ. баромад намуда, мухтасар доир ба роҳ ва усулҳои такмилдиҳии омодагии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маълумот дода, пешниҳодҳои мушаххас барои муҳокима дар мизи мудаввар, пешкаш намуд.
Ҳамчунин меҳмонони даъватшудаи мизи мудаввар, муовини сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифов И. Р. дар мавзӯи «Масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили шароит барои фаъолияти мустақилонаи онҳо дар ҷойҳои хизмат ва сабабу омилҳои қатъкунии фаъолияти хизматӣ аз тарафи мутахассисони ҷавон» ва сардори шӯъбачаи кор бо ҳайати шахсии ШК ва КҲШ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Миров Ш.Н. дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 1 январи соли 2008 Дар бораи ба роҳ мондани системаи ягонаи корҳои тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ, сохтори корҳои дохилӣ ва мукаммал намудани он», баромад намуданд.
Маърӯзаи онҳо низ ниҳоят пурмазмун, бо намоиш додани наворҳои видеоӣ, ба ҳозирин пешкаш карда шуд. Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён низ ниҳоят фаъол буда, бисёр баҳсу музокираҳои пурмазмун доир гардид. Инчунин, полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ., ки худ сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос мебошад, бо истифода аз фурсати ба миён омада, доир ба проблемаҳои ҳалталаб оид ба курсҳои тайёрии ибтидоӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ саволу ҷавоб ва маслиҳатҳои судманд пешкаш намуданд.
Ҳамин тариқ, мизи мудаввари мазкур бисёр шавқовар гузашт, ки ба кормандон ва курсантон ниҳоят писанд омад.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.