Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъоли курсантон дар мусобиқаи идона

391

Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия ва Иди милитсияи тоҷик дар Академияи ВКД мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба бозии шоҳмот байни курсантони факултетҳои №№2, 5 ва 6 гузаронида шуд, ки он мувофиқи қоидаҳои байналмилалии Федератсияи шоҳмот сурат гирифт.

Дар ин мусобиқаи идона зиёда аз 20 нафар курсантони факултетҳои номбурда бо ҳам рақобат намуда, дар байни писарон се ҷойи аввалро мутаносибан курсанти курси 1-уми факултети №6 Шарифзода Рамазон Рустам ва курсантони курси 2-юми факултети №6 Хуршед Абдуллоев ва Ҷаҳонгир Чилаев соҳиб гардиданд.

295

Дар байни духтарон бошад, се ҷойи аввал мутаносибан насиби курсанти курси 1-уми факултети №2 Ризозода Ширин Ҷамолиддин, курсанти курси 4-уми факултети №2 Қиматгул Ҷабборова ва курсанти курси 2-юми факултети №5 Раҷабмоҳ Бурҳонова гардиданд.
Дар охири мусобиқа аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...