Болидахотирии ҷавонони ВМКБ аз сафар ба шаҳри Душанбе
Ҷавонони бадахшонӣ дар доираи сафар ба шаҳри Душанбе аз Академияи ВКД боздид намуда, бо ин даргоҳи илму маърифат аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Дар саҳни ин муассисаи олии касбӣ ҷавононро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва омӯзгорону курсантон истиқбол намуданд. Ҷавонон нахуст аз намоиши дастовардҳои варзишии омӯзгорону курсантон, инчунин бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дидан намуданд. Ҳамчунин аз тарафи курсантон дар назди ҳозирин машқҳои гуногуни ҳарбӣ ба маъраз гузошта шуд. Ҷавонони Бадахшон дар идома аз синфхонаҳои таълимии ин муассиса ва студияи телевизионии Академияи ВКД дидан карда, дар яке аз барномаҳои телевизионӣ бо номи «Дунёи ҷавонӣ» ширкат варзида, доир ба бардоштҳояшон аз ин сафар қисса намуданд.
Дар вохӯрие, ки барои ҷавонон дар толори маҷлисгоҳи Академия доир гардид, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Зикрулло Саидзода, сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Майсара Азизбекова ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози баргузории ин вохӯрӣ Зикрулло Саидзода суханронӣ намуда, меҳмононро барои ташриф ба ин муассисаи олии касбӣ хушомадед гуфт. Мавсуф доир ба пос доштани арзишҳои миллӣ суханронӣ карда, афзуд, ки мо бояд ҳамеша ба қадри сулҳу суботи кишвар расида, нагузорем, ки нафаре ба ин осоиштагӣ халал ворид созад.
Шоир ва нависанда Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар навбати худ дар бораи гиромидошти забони тоҷикӣ иброз дошт, ки ҷавонон бояд забони модариро пос доранд.
Дар ҷараёни ин вохӯриву ташриф дар саҳни Академияи ВКД чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор карда шуд, ки дар он ҷавонон рақсу шодӣ ва сурудхонӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ҷавонон аз боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, аз ҷумла боғи Абулқосими Фирдавсӣ ва устод Садриддин Айнӣ дидан карданд.
Тавре дар суҳбат бо мо роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ВМКБ Мамаден Мамаденов иброз намуд: «Мо, ҷавонон аз пазироии самимӣ арзи сипос намуда, миннатдории ҷавонони бадахшониро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мерасонам. Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо, ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намоем ва бар зидди ҳама гуна кирдорҳои номатлуби ҷомеа мубориза барем».
Дар ин радиф, Азиза Хушқадамова, донишҷӯи факултети биологияи шуъбаи туризми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бардоштҳояшро аз ин сафар чунин арзёбӣ намуд: «Мо ҷавонон ҳангоми сафар ба шаҳри Душанбе аз мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои фарҳангию фароғатии он дидан намудем. Барои ман, пеш аз ҳама, дар ин сафар яке аз маконҳои боргоҳи илм ин муассисаи олии касбии Академияи ВКД писанд омад, ки он бо тамоми таҷҳизоти замони муосир таъмин гардидаст.
Дар охир қайд карда шуд, ки мо ҷавонон пайрави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ