Таъмини маҳсулоти тару тозаи сабзавоти худӣ ба курсантону кормандони Академияи ВКД
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД, аскарон, курсантону омӯзгорон, истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар Академияи ВКД таҳти назорати бевоситаи сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар 40 садяки қитъаи замини назди Академияи ВКД ҳосили дуюми фаровони маҳсулоти тару тозаи сазавот, аз қабили 3-тонна карам, 1-тоннаю 300 кг шалғам, 1-тоннаю 200 кг - сабзӣ, 600 кг - турб ва дигар маҳсулоти витаминдори ғизоӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Маҳсулоти ҷамъовардашуда барои фасли зимистонгузаронӣ захира карда шуда, дар парвариши он саҳми кормандони таъминот таҳти роҳбарии муовини сардори Академия оид ба таъминот, полковники милитсия Додарбеков Р.Б. калон аст. Ҳамзамон барои ҳосили 3-юм замина гузошта шуда, сирпиёз кишт карда шуд.
Қисме аз маҳсулоти ҷамъоварда ба кормандони Академияи ВКД ройгон тақсим карда шуд. Ҳамчунин чунин чорабинӣ бо супориши сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар факултети №4 (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд) амалӣ карда шуда, дар он ҷо бо саъю кӯшиши сардори факултети мазкур полковники милитсия Насуриён П.А. хоҷагии ёрирасон барои эҳтиёҷоти курсантон ташкил карда шуд.
Рафти тайёрӣ барои фасли зимистонгузаронӣ, таъмини гармӣ, хӯрокаю либоса пайваста дар ҷаласаҳои кории назди сардори Академия, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баррасӣ гардида, баҳри эҳтиёҷоти ҳайати шахсӣ ғамхориҳо карда мешавад.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш. омӯзгорони Академияи ВКД.