Дарсҳои амалии курсантон
Дар асоси Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои фавқулодда» ва «Ҳифзи муҳандисӣ», барои курсантони курси 4-уми факултети №5, тахассуси "Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда"-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар мувофиқа бо роҳбарияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП» дарсҳои амалӣ гузаронида шуданд. Машғулият аз тарафи мутахассисони ин ҷамъият гузаронида шуд.
Мудири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП» Хокиев Маҳмадзокир сараввал курсантонро бо фаъолияти ҷамъият ва техникаву таҷҳизотҳое, ки онҳо дар рафти кор истифода мебаранд, аз наздик шинос намуд.
Баъд аз он аз ҷониби муҳандисони Ҷамъияти мазкур Муродов Фирӯз ва Ашуров Ҷомӣ ба курсантон истифодабарии техникаву таҷҳизотҳо ва тарзҳои гуногуни муайянкунии сифати масолеҳи сохтмониро омӯзониданд. Курсантон дар рафти дарси амалӣ ба мутахассисони соҳа доир ба баланд бардоштани устувории иншоотҳо саволҳо дода, ба худ маълумотҳои зарурӣ пайдо намуданд.
Курсантон миннатдории худро ба сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ доир ба сафарбарии онҳо ба дарсҳои амалӣ ва омӯзгорон Нуруллозода Меҳрулло ва Норқулова Гуландом иброз доштанд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии дарсҳои амалӣ муҳайё намудани фазои мусоиди таълиму тарбия, дастгирӣ, ташаккул, рушд ва мустаҳкам намудани истеъдоди курсантон ва ба вуҷуд овардани ҳисси мардонагӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Ҳамин аст, ки курсантон аз баргузории ин дарсҳои амалӣ ба худ таассуроти нек бардоштанд.
Нуруллозода Меҳрулло, Норқулова Гуландом, Ҳабибов Ҳокимҷон.