Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Раванди огоҳикунии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғон ва хусусиятҳои тарбиявии он»
Рӯзи 24-уми октябри соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Раванди огоҳикунии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғон ва хусусиятҳои тарбиявии он» баргузор гардид.
Кори семинарро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуд. Ӯ иброз дошт, ки новобаста аз саъю кӯшиши кормандони милитсия дар самти огоҳикунии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғон мушкилиҳо вуҷуд доранд. Аз ҷониби ВКД дар нӯҳ моҳи соли равон беш аз 10-ҳазор чорабиниҳои самти тарбиявӣ гузаронида шудааст, ки ин кори самарабаши милитсияро нишон медиҳад.
Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шаҳзод Абдулфаттоҳ дар мавзӯи “Мусоидат дар тартиботи ҷамъиятӣ баҳри тарбияи насли ҷавонони кишвар” ва сардори қабулгоҳи ноболиғони ВКД, подполковники милитсия Наҷмуддинзода Саидҷалол дар мавзӯи “Сабабҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задани ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Фаъолияти МКД оид ба огоҳикунии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон”, муовини сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дар мавзӯи “ Масоили каҷрафторӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он" маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар фосилаҳои маърузаҳо байни иштирокчиёни семинар баҳсу мунозираҳои илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки бисёр паҳлӯҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ноболиғону ҷавононро кушоданд.
Дар охири кори семинар аз ҷониби иштирокчиёни он тавсияҳои методӣ оиди беҳтаргардонии раванди огоҳикунии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғон ва хусусиятҳои тарбиявии он қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгорони Академияи ВКД