Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боз як дастоварди навбатии дастаи волейболи Академияи ВКД

381

Аз 21-уми сентябр то 10-уми октябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи даставӣ оид ба волейбол байни сарраёсат, сармарказ, раёсатҳо, хадамотҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи маркази ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи даставӣ, дастаи яккачини волейболи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии капитани даста, майори милитсия Латипов Муҳиб Лоҷварбекович дар байни 16 даста сазовори ҷойи аввал гардиданд ва ба гирифтани дувоздаҳ медали тилло, дувоздаҳ Ифтихорномаи дараҷаи якум ва як Ҷоми мусобиқа сазовор гаштанд.
Барои дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарияти ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуд.

382383

Ҳайати дастаи Академияи ВКД:
1. Полковники милитсия Абдуллозода Алиҷон Разоқ - омӯзгори кафедраи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯии факултети №6.
2. Майори милитсия Латипов Муҳиб Лоҷварбекович - муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2.
3. Майори милитсия Нурализода Акрамҷон Ҳайитмурод - омӯзгори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2.
4. Капитани милитсия Саидов Файзиддин Мирзошарипович, омӯзгори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5.
5. Лейтенанти калони милитсия Ҳалимзода Наврӯз Шариф - омӯзгори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2.
6. Милитсияи қаторӣ Восиев Исматулло Туйбошиевич, курсанти курси 5 гуруҳи 504 факултети №2.
7. Милитсияи қатори Ибрагимов Ризвон Сафарович, курсанти курси 5 гуруҳи 509 факултети №2.
8. Милитсияи қатори Наимов Асад Абдулакимович, курсанти курси 5 гуруҳи 510 факултети №5.
9. Милитсияи қаторӣ Сафаров Шуҳрат Садирович, курсанти курси 4 гурӯҳи 411 факултети №5.
10. Милитсияи қатори Хушаков Шарифхуҷа Абдулхайрович, курсанти курси 4 гурӯҳи 410 факултети №5.
11. Милитсияи қаторӣ Диблоғчиев Ибод Айёмбекович, курсанти курси 4 гурӯҳи 401 факултети №2.
12. Милитсияи қаторӣ Қурбонбеков Ихтиёр Бекназарович, курсанти курси 4 гурӯҳи 403 факултети №2.
13. Милитсияи қаторӣ Раҳмонов Муин Шералиевич, курсанти курси 3 гурӯҳи 301 факултети №2

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...