Аз роҳи хатар худро нигоҳ дор
Дар таърихи 23 октябри соли 2018 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи муддавар дар мавзӯи «Нақши тарбия ва таълим дар эҷодиёти шоирони форсу-тоҷик» гузаронида шуд, ки ташкилкунандаи он аз тарафи кафедраи забонҳои факултети № 2 буд. Мақсади асосии гузаронидани мизи муддавар - ин ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ дар асоси омӯзиши асарҳои шоирони форсу-тоҷик ба ҳисоб меравад.
Омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Инчунин, курсантон аз ашъори шоирони форсу-тоҷик, аз ҷумла, шеърҳои Шерозӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ оид ба мавзӯи мазкур қироат намуданд.
Муаллими калони кафедраи забонҳо,
подполковники милитсия Мақсудов Р.М.