Забономӯзӣ дар Академияи ВКД
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати омода ва соҳибкасб кардани ҳазорон нафар кормандони соҳаи милитсия ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ саҳми намоён дорад. Ҳамасола чӣ дар бахши рӯзона ва чӣ ғоибона садҳо нафар донишомӯзон ба факултаҳои ҳуқушиносӣ ва оташнишонии Академияи ВКД дохил гардида, пас аз хатми он соҳибихтисос мегарданд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришуда барои курсантони ин боргоҳ бинои наву замонавӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Имрӯз шароити таҳсил ва аз худ кардани фанҳои муосири ҷамъиятӣ дар ин даргоҳи илму маърифат ба талабот пурра ҷавобгӯ буда, курсантон дар шароити замонавӣ ва бо аз истифодаи технологияи муосир таҳсили илм менамоянд.
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии кишвар, дар студияи Академияи ВКД аз ҷониби курсантон ҳамарӯза бо 3 забон пахши ахбороти ҷаҳон тавассути баландгӯяк ба роҳ монда мешавад. Курсантон вобаста ба иду ҷашнҳои миллӣ, таърихи давлатдории тоҷикон, таърихи мақомоти милитсия ва ахбороти ҷаҳон бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ маърӯза менамоянд. Ҳайати шахсии Академия дар ҳар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ аз суханронии курсантон ба худ маълумоти зарурӣ пайдо намуда, ҷаҳонбинии хешро бою ғанӣ мегардонанд.
Илова бар ин, рафти таълим дар Академияи ВКД тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат бурда мешавад. Дар заминаи таҳсил маҳорату таҷриба ва сатҳи саводнокии курсантон беҳтар мегардад, ки ин ба пешрафти омӯзиш ва аз худ намудани малакаи баланди касбӣ мусоидат менамояд. Воқеан ҳам курсантони Академия дар муддати таҳсил паҳлӯҳои зиёди самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилиро аз худ менамоянд, ки дар фаъолияти минбаъда дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хеле зарур аст.
Эҳсон Абдуллозода, Ҳаким Назарзода, шунавандагони факултети №3